Ҳикматӣ-амрикоии эронитабор ба эъдом маҳкум шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи Инқилоб дар Эрон Амир Мирзо Ҳикматӣ амрикоии эронитаборе, ки ба ҷосусӣ муттаҳам шуда будро ба эъдом маҳкум кард. Ба гузориши расонаҳои Эрон, Амир Мирзо Ҳикматиро барои «ҳамкорӣ бо давлати душман, узвият дар созмони ҷосусии Амрико, ва талош барои муттаҳамсозии Эрон ба терроризм» гунаҳкор шинохта ва ӯро ба эъдом маҳкум кардааст.