Раҳмон Малик, вазири умури дохилии Покистон, мегӯяд, дар сурати бозгашти раиси ҷумҳури собиқ Парвиз Мушарраф ӯро боздошт хоҳанд кард. Раҳмон Малик ба хабаргузории Олмон гуфтааст, “бо қадам ниҳодани Парвиз Мушарраф ба хоки Покистон” ӯро дастгир хоҳанд кард. Парвиз Мушарраф, рӯзи якшанбе эълом кард, ки ҳамин моҳ ба кишвараш бармегардад. Ӯ дар иртиботи видеоӣ аз Дубай ба тарафдоронаш дар шаҳри Карочӣ гуфт:" Ман дар таърихи 27 то 30-уми январ бармегардам. Ман ба Карочӣ меоям. Худо хоҳад дар пеши шумо истода ва бори дигар дар назди шумо сӯҳбат мекунам. Парвиз Мушарраф гуфт, бармегардад, то ҳизби навтаъсиси Иттиҳодияи Мусулмонони Покистонро ба интихоботи соли 2013 омода кунад. Парвиз Мушарраф, ки соли 1999 дар табаддулоти давлатӣ ба қудрат расид ва сипас ба ҳайси раиси ҷумҳур интихоб шуд, соли 2008 аз мақомаш истеъфо дод. Ӯро ба чанд ҷиноят аз ҷумла таъмини номуносиби амнияти Беназир Бҳутто, нахуствазири собиқ муттаҳам мекунанд, ки соли 2007 кушта шуд.