Мақомоти Эрон мегӯянд, як шаҳрванди Амрикову Эронро бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Иёлоти Муттаҳида ба қатл маҳкум карданд. Ба гуфтаи Ғуломҳусейн Мӯҳсини Эҷеӣ, додситони кулли Эрон, Амир Мирзо Ҳикматӣ, тарҷумони собиқи нерӯҳои баҳрии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, “ба ҳамкорӣ бо давлати душман ва ҷосусӣ барои Хадамоти Истихборотии Амрико” ва ё СРУ гунаҳкор дониста шуд. Амир Мирзои 28-сола зодаи муҳоҷирони эронии муқими Амрико моҳи декабр дар Теҳрон боздошт шуд ва мақомоти Эрон мегӯянд, ки ӯ дар пойгоҳи низомии Амрико дар Афғонистон тамрин дида ва дастур гирифтааст, то ба хадамоти амниятии Эрон роҳ ёбад. Волидони Ҳикматӣ мегӯянд, писарашон танҳо ба хотири зиёрати бибиҳояш ба Теҳрон рафта буд. Давлати Амрико аз мақомоти Эрон хостааст, Амир Мирзо Ҳикматиро раҳо кунад. Ин ҳукм замоне содир шуд, ки таниш миёни Амрикову Эрон боло гирифтааст.