4 нозири тоҷик - дар интихоботи Қазоқистон

Як гурӯҳи нозирон аз Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии Қазоқистон, ки рӯзи 15 январ доир мешавад, ширкат хоҳанд кард. Ду узви Куммиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон ба таври мустақим ва як узви дигараш дар ҳайъати нозирони САҲА ба Қазоқистон рафта, вакили Маҷлиси намояндагон Муҳаммадшариф Нозимов дар интихоботи рӯзи 15 январ аз гурӯҳи нозирони СНГ намояндагӣ хоҳад кард. Дар интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумони Қазоқистон 8 ҳизби сиёсӣ вориди мубориза шудаанд.