Таркиши дар Сурия даҳҳо кушта ба ҷой гузошт

Расонаҳои давлатии Сурия аз таркише дар маркази Димишқ, пойтахти ин кишвар хабар доданд. Телевизиони давлатии Сурия бо нишон додани ҷойи воқеа мегӯяд, бар асари он 10 раҳгузар кушта шудаанд. Аммо телевизиони Адуня шумори кушташудагонро 25 нафар номид. Инфиҷор дар маркази шаҳрро расонаҳои Сурия амали “террористӣ”-е номиданд, ки назираш охири моҳи декабр рӯй дода, дар он ба камияш 44 нафар ба ҳалокат расиданд. Мухолифоне, ки даҳ моҳ ба ин сӯ зидди раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ошӯб бардоштаанд, ҳарду таркишро иғвои ҳукумат барои саркӯбии бештар унвон кардаанд. Созмони Милал мегӯяд, дар ин даҳ моҳи хушунат дар Сурия зиёда аз 5 000 нафар кушта шудаанд.