Ба дунболи сафари ҳайати баландпояи Тоҷикистон таҳти сарварии ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардон ба Тошканд созишномаи нави интиқоли гази табиӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон рӯзи 5-уми январ ба имзо расид. Нархи нави гази Узбакистон барои Тоҷикистон аз 311 доллар барои ҳазор метри мукааб то 285 доллар коҳиш ёфта, қарор аст, Тошканд дар соли 2012 ба Тоҷикистон 200 миллион метри мукааб гази табиӣ интиқол диҳад. Мояи чунин "гузаштҳо"-и Тошканд маълум нашудааст ва ин пешрафт дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки 4-уми январ Узбакистон бидуни огаҳӣ интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ карда буд.