Ҳайати баландпояи Тоҷикистон таҳти сарварии ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардонов ба Тошканд сафар кард.
Ба ин ҳайат Раҳмат Бобокалонов, вазири обу обёрӣ, Абдулло Ёров, раҳбари ширкати "Барқи тоҷик", Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз", ва Маҳмудҷон Собиров, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон шомиланд.
Ҳадафи аслӣ масъалаи дубора фаъоли намудани интиқоли газ ба Тоҷикистон
мебошад. Аз ҳафтаи гузашта то имрӯз ин дуввумин ҳайати Тоҷикистон аст, ки ба Тошканд сафар мекунад ва ҳам дирӯз номаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ислом Каримов ба сафири Узбакистон дар Душанбе супурда шуд.
Рӯзи чаҳоршанбе (4 январ) сафири Узбакистон дар Душанберо ба Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон даъват карда ва номаи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои узбакаш Ислом Каримов ба ӯ супурданд. Бино ба қавли мақомот дар ин нома аз Ислом Каримов дархост шудааст, ки раисиҷумҳури Узбакистон барои интиқоли газ ба Тоҷикистон мусоидат бикунад.
Ин дар ҳолест, ки Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, рӯзи чаҳоршанбе (4 январ) Узбакистон интиқоли газ ба Тоҷикистонро бидуни огоҳӣ қатъ кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, “Тоҷиктрансгаз” ба “Узтрансгаз” нома фиристода ва дархост кардааст, ки барои додани газ ба Тоҷикистон дар соли 2012 бо ин кишвар қарордод имзо кунад. Вале ҷониби Узбакистон имзои ин қарордодро ба таъхир андохтааст.
Давлат Назриев гуфт, рӯзи 22 декабри соли гузашта Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ба Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазири Узбакистон дар ин бора номае фиристодааст. Азимов дар ҷавоб навиштааст, ки таъмини гази Узбакистон ба харидорони аслӣ, яъне ба Чину Русия ҳал нашудааст, бинобар ин “имзои қарордоди миёни Узбакистону Тоҷикистон дар ин бора аз имкон берун аст.”
Дар охири моҳи ноябр ҷониби Узбакистон нархи газ ба Тоҷикистонро боло бурд ва арзиши ҳар ҳазор метри муккааб газро 311 доллар муқаррар кард.
Бино ба қарордоди мавҷуда, дар давоми соли гузашта бояд ҷониби Узбакистон ба Тоҷикистон 180 миллион метри муккааб газ медод, вале, дар маҷмӯъ, Тошканд 160 миллион метри муккааб газ ба Душанбе додаасту тамом.
Коршиносон бар ин ақидаанд, ки бештари ин газ барои тавлиди алюмин дар корхонаи “Талко” истифода мешавад ва дар сурати дарёфт накардани гази узбакӣ шароити кор дар ин корхонаи муҳими саноатӣ мушкилтар хоҳад шуд.
Аммо қатъи интиқоли гази Узбакистон натанҳо кори ширкати "Талко", балки шароити кори мусофирбарҳои пойтахти Тоҷикистонро ҳам мушкил кардааст. Ин аст, ки шаҳрдорӣ бо пахши изҳороте аз пешомади ҳар гуна мушкил ҳушдор додааст.
Торнамои расмии шаҳрдорӣ навиштааст, "бинобар сабаби аз ҷониби Узбекистон қатъ гардидани интиқоли гази табиӣ ва муваққатан аз фаъолият мондани нуқтаҳои пуркунии газ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ки дар ҳудуди Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд, ба мусофирон нороҳатӣ оварданашон мумкин аст. Зимнан, аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш мешавад, ки нисбати нороҳатии муваққатӣ бо ҳусни тафоҳум муносибат намоянд."