Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии масоили обии Осиёи Миёна дар Душанбе


Дар шаҳри Душанбе ҳамоише ҷиҳати баррасии масоили обии Осиёи Миёна оғоз ба кор кард.

Дар ин ҳамоиши дурӯза, ки бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон ва СММ доир мешавад, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар сохторҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.

Қарор аст дар ин ҳамоиш масоили марбут ба обҳои дохилӣ ва фаромарзӣ дар минтақаи Осиёи Миёна мавриди баррасӣ қарор бигирад. Баррасии масоили муҳими ҳамкориҳо дар бахши истифода аз захоири оби минтақа аз мавзуъҳои дигари ин ҳамоиш хоҳад буд.

Аз фурӯпошии Шӯравӣ наздики 20 сол мегузарад, вале ҳамчунон кишварҳои болооб - Тоҷикистону Қирғизистон ва давлатҳои поёноб - Узбакистону Туркманистону Қазоқистон забон намеёбанд.

Мувофиқи системаи ягонаи тақсими об байни Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон, ки аз замони Шӯравӣ ба ин тараф танзим карда мешавад, 48 дарсади захоири оби Осиёи Марказӣ ба Узбакистону Туркманистон дода мешавад. Зеро ин кишварҳо замини ҳамвору обии бештар доштанд. Ба Тоҷикистон бошад аз ин захираи об 15,5 дар сад об мерасад, ҳарчанд Тоҷикистон яке аз кишварҳои соҳиби аслии захоири оби минтақа ба шумор меояд.

Ҳар баҳор кишварҳои Осиёи Марказӣ барои гирифтани оби бештар дасту остин бар мезананд.
XS
SM
MD
LG