Амрико аз тасмими таҳримҳои зидди Эрон истиқбол кард

Дирӯз Амрико тавофуқоти усулии ҳукуматҳои Иттиҳодияи Аврупоро дар бораи мамнуияти вуруди нафти хоми Эрон чун “хабари хеле хуб” пазируфт. Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон мехоҳад бубинад, ки кишварҳои дигар низ даст ба чунин иқдом бизананд. Ҳадафи ҷорӣ кардани таҳримҳо бар зидди Эрон ҷазо додани Теҳрон барои барномаҳои зиддунақизи ҳастаиаш мебошад. Алейн Жупе-вазири корҳои хориҷаи Фаронса гуфт, тасмим дар бораи таҳримҳои зидди Эрон 30 январ дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ хоҳад шуд.