Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо судури фармоне ҳолати фавқулоддаро дар шаҳри нафткаши Жанаозен то 31 январ тамдид кард. Дар хушунатҳои моҳи декабр, ки дар натиҷаи эътирозҳои давомдори коргарони ширкатҳои нафтӣ миёни эътирозгарон ва нирӯҳои полис сар зад, дасти кам 16 нафар кушта шуда, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштанд. Рӯзи 17 декабр Назарбоев дар Жанаозен ҳолати фавқулодда ҷорӣ кард, ки қарор буд рӯзи 5 январ хотима ёбад. Ҳеҷ ташреҳе дар заминаи тамдиди ҳолати фавқулодда дода нашуд. Эътирози коргарон аз маоши нокофӣ ва шароити бади иҷтимоӣ аз моҳи маи соли 2011 шурӯъ шуда буд. Мақомот зимни арзёбии хушунатҳои Жанаозен гуноҳро бори “авбошон” карданд ва истифодаи силоҳу оташро дар муқобили мардум “дуруст ва қонунӣ” гуфтанд.
ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита бо хушунатҳои Қазоқистон изҳори нигаронӣ карда ҳукуматро ба таҳқиқи шаффофи рӯйдодҳои Жанаозен даъват карданд. Рӯзи 15 январ дар ин кишвар интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад, ки интизор меравад, бо пирӯзии аксар аъзои ҳизби ҳокими Нур-Отан анҷомад.