Ваъдаи "Раҳбари тақаллуб" ба ростӣ ва росткорӣ

Серж Саркисян, раисиҷумҳури Арманистон

Раисиҷумҳури Арманистон ваъда додааст, ки интихоботи порлумонии ин кишвар одилона сурат хоҳад гирифт.
Серж Саркисян мардуми Арманистонро мутмаин сохт, ки вай интихоботи моҳи майи соли ҷориро барои дар сари қудрат боқӣ мондани худ истифода нахоҳад кард.

ВАЪДАИ САРКИСЯН БА АРМАНИҲО

Вай дар паёми телевизионии худ ба муносибати Соли Нав гуфт: “Он гуна, ки шумо медонед, соли 2012 соли интихобот ба Маҷлиси Миллии кишвар аст. Дар бисёре аз мавридҳо аз интихобот сӯистифода мешавад, такрор мекунам, сӯистифода мешавад ба он ҳадаф, ки дар сари қудрат боқӣ бимонанд. Ин муҳимтарин вақтест, то одам бифаҳмад, ки ҳадафҳои болотаре низ ҳаст.”

Вай афзуд, ки аз муддатҳо қабл тасмим гирифтааст, ки аз рафторҳои қолабӣ даст кашад ва дар ҳаёти сиёсӣ усули

Парлумони Арманистон

воқеан миллиро ҷорӣ кунад ва бархӯрди воқеан давлатӣ нишон диҳад. Вай гуфт, “Аз касе пинҳон намедорам, ки барои ин кор ман ба кӯмак ниёз доштам ва ҳоло ҳам ниёз дорам.”

Саркисян ва раҳбарони дигари Арманистон соли гузашта борҳо қавл доданд, ки аз тақаллуби ҷиддӣ дар интихоботи парлумонии моҳи май пешгирӣ хоҳанд кард. Раиси ҷумҳур гуфт, як силсила тағйирот ва иловаҳое, ки дар Қонуни интихобот ворид мешавад, ба ин кор кӯмак хоҳад кард.

МУХОЛИФОН БОВАР НАДОРАНД

Аммо неруҳои аслии мухолифон ба самимияти ин ваъдаҳо бовар надоранд. Онҳо аз мақомоти кишвар тақозо кардаанд, ки барои иҷрои ин ваъдаҳояшон дар мавриди баргузории интихоботи озоду одилона бояд дар қонуни интихобот ислоҳоти ҷиддӣ сурат бигирад. Аз ҷумла онҳо пешниҳод кардаанд, ки интихобот бояд бар асоси феҳристи ҳизбӣ баргузор шавад ва ҳар райдиҳанда дар варақаи раъй изи ангуштони худро бо ранги махсус бояд гузорад, то аз райдиҳии такрор ба такрори як нафар пешгирӣ шавад.

Вале моҳи гузашта Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Арманистон ба раҳбарии Саркисян тағйиру иловаҳои ҷиддӣ дар қонуни интихоботро рад кард. Намояндагони ҳизби ҳоким даъво карданд, ки мухолифон бо ин гуна дархостҳо ҳадафҳои пинҳонии худро дунбол мекунанд.

Худи Саркисян ҳам дар охири моҳи ноябр вақте, ки мухолифон феҳристи тадобири зарурии пешгирӣ аз тақаллуб дар интихоботро ба вай доданд, вай онро тадобири хандадор номид. Вай гуфт, ҳизби Мерос ба

Тазоҳуроти мухолифон дар Арманистон ( акс аз бойгонӣ)

раҳбарии Рафӣ Ҳованнисян мехоҳад “ҷараёни демократизатсия”-и Арманистонро хароб кунад. Вай афзуд, барои ҳамин мақомоти Арманистон аз ҳадафҳои “заҳрогину тахрибкорона”-и мухолифон пешгирӣ мекунанд.

Мухолифони тундрав ва сиёсии Саркисян аз муддатҳо пеш ба вай унвони раҳбари меъморони тақаллуб дар интихоботи Арманистонро додаанд. Вай дар интихоботи соли 2003 президент Роберт Кочерянро иваз кард. Дар моҳи апрели соли 2008 низ дар интихоботи зидду нақиз бар Кочерян дастболо шуд ва ин интихобот боиси ба кӯчаву хиёбонҳо рехтани интихобкунандагон шуд. Он замон чандин нафар дар задухӯрдҳо кушта шуда буданд.