Пентагон-вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки бо вуҷуди таҳдидҳои низомии Эрон фиристодани киштиҳои ҳавопаймобарро ба Халиҷи Форс идома хоҳад дод. Ҷеорҷ Литтл-сухангӯи вазорати дифои Амрико гуфт, истиқрори техникаи низомии Амрико дар халиҷ ба тартибе идома хоҳад кард, ки дар давоми даҳсолаҳо вуҷуд дошт. Дар эъломия омадааст, “истиқрори гурӯҳи киштиҳои ҳавопаймобар барои он зарур аст, ки идомаи фаъолиятро таъмин кунанд”. Изҳороти Пентагон дар ҳоле садо медиҳад, ки нирҳои мусаллаҳи Эрон мегӯянд, киштии ҳавопаймобари Амрико, ки дар Ховари Миёна мустақар шудааст, набояд ба Халиҷи Форс баргардад.