Дар аёлати Айоваи Амрико мусобиқоти интихоботии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ барои курсии раёсати ҷумҳурӣ оғоз шуд. Шахсе, ки дар ин мусобиқот аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ номзад баргузида мешавад, дар интихоботи моҳи ноябр бо Барак Обама рақобат хоҳад кард. Ҳазорон нафар дар калисоҳову мактабҳо ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ ҷамъ мешаванд, то барои 7 номзад рай диҳанд. Назархоҳиҳо нишон медиҳанд, ки Митт Ромнӣ-раиси пешини аёлати Массачусетс бо Рон Пол-узви Когресс аз аёлати Техас тақрибан ҷонибдорони баробар доранд. Коршиносон мегӯянд, пешгӯӣ кардани барандаи ин мусобиқот аз ҳоло зуд аст, чунки ҳоло райдиҳандагон мавзеъгирии худро барои номзади мавриди назари худ рӯшан накардаанд.