Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар қонуне имзо гузошт, ки таҳримҳо бар зидди режими Беларусияро бештар мекунад. Ин таҳримҳо дар ҷавоб ба саркӯбии тазоҳуркунандагон ҷорӣ мешавад. Амрико баъд аз интихоби дубора ва зиддунақизи Александр Лукашенко дар соли 2010, ки саршор аз тақаллуб буд, ин таҳримҳоро ҷорӣ мекунад. Санади демократия ва ҳуқуқи башар барои соли 2012 номҳои бештари мақомоти Беларусияро ба феҳристи афроде дохил мекунад, ки ҳақи сафар ба Амрикоро надоранд ва бар зиддашон таҳримҳои молӣ ҷорӣ мешавад. Онҳо шахсоне хоҳанд буд, ки дар саркӯбиҳои баъд аз интихоботӣ даст доранд.