Толибони Афғонистон эълон карданд, ки онҳо дар бораи боз кардани “дафтари сиёсӣ”-и худ дар Қатар ба тавофуқоти муқаддамотӣ даст ёфтаанд ва акнун омодаанд баъд аз як даҳсолаи ҷанг ба музокира биншинанд. Забеҳулло Муҷоҳид-сухангӯи Толибон дар эъломияе гуфт, ки ҳоло фурсати муносиб фаро расидаст, то “дар хориҷ аз кишвар барои оғози музокира бо маҳофили байналмиллалӣ дафтаре дошта бошанд”. Муҷоҳид гуфт, бо Қатар кишвари мизбон низ дар бораи гушоиши дафтар тавофуқ ба даст омадааст. Кишварҳои дигари зидахли халиҷ низ ба ин кор ризоят додаанд. Дар эъломияи худ Толибон хостори раҳоии зиндониёне шудаанд, ки дар боздоштгоҳи Гуантанамо нигаҳдорӣ мешаванд. Исмоил Қосимёр-раиси бахши равобити хориҷии Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон гуфт, акнун музокира бо Толибон метавонад пеш равад.