Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар кинотетри нави 3D дар Ашқобод.
Кинотеатри 3D ё себуъдии Туркманистон бинандаҳои худро аз даст додааст.
Дар Ашқободи Туркманистон аз шаш моҳ ба ин сӯ ягона кинотеатри 3D ё филмҳои себуъдӣ фаъолият мекунад.
Онҳое, ки аз тамошои филмҳои маъмулӣ хаста шудаанд, дар рӯзҳои аввал бо дилгармӣ ба ин кинотеатр меомаданд. Аммо ин кинотеатри чанд миллиондолларӣ аз рӯзҳои аввали фаъолияташ то кунун танҳо як филми 3D ё себуъдиро ба намоиш мегузорад, ки он ҳам "Туркманистон биҳишти рӯи замин" аст.
Як корманди ин кинотеатр, ки нахост аз худ ном бибарад, ба Радиои Озодӣ гуфт, “шояд мардум аз ин филм хаста шудаанд, касе ба он шавқу завқ зоҳир намекунад. Онҳо фақат барои он меоянд, ки сохтмони кинотеатрро тамошо кунанд.”
Кинотеатри номдор, вале бе муштарии Ашқобод
Ба гуфтаи ин корманд, барои он ки дар ин кинотеатр филм ба намоиш гузошта шавад, камаш бояд 5 нафар бинанда ҳузур дошта бошад. Вале аксар вақт шумораи муштариён ба панҷ нафар намерасад ва раҳбарияти кинотеатр тасмим мегирад, ки филм ба намоиш гузошта нашавад. Дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе, ки маъмулан мардум ба тамошои филм ё ба театр мераванд, шумораи муштариён ба 10-15 нафар мерасад.