Интизор меравад, ки имрӯз мурофиаи Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср аз сар гирифта шавад. Дар ин мурофиа додситонҳо бо далелҳо Ҳуснӣ Муборак ва ҳамдастонашро дар куштори бештар аз 800 нафар тазоҳуркунанда дар ҷараёни саркӯбии эътирозҳои зиддидавлатӣ муттаҳам хоҳанд кард. Ҳуснӣ Муборак тақрибан 30 сол дар сари ҳокимият қарор дошт. Имрӯз ба ҷуз аз Мубораки 83 сола вазири корҳои дохилаи вай ва ду писараш барои даст доштан дар ин кушторҳо муҳокима хоҳанд шуд.