Созмони Ҳамос имрӯз аз Ташкилоти Худгардони Фаластин хост, аз музокироти сулҳ бо Исроил даст кашад. Қарор аст, фардо намояндагони Исроил ва фаластиниён дар Ӯрдун барои эҳёи музокироти сулҳ гуфтӯгу кунанд, ки 15 моҳ пеш ба бунбаст ворид шуд. Моҳи сентябри соли 2010 баъди идомаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар сарзаминҳои ишғолии Канораи Ғарб, музокироти сулҳ муттавақиф шуд. Аз мулоқоти фардо тарафҳо чизи зиёде интизор надоранд.