Рӯзи якшанбе дар ҷазираи Ситраи Баҳрайн баъд аз маросими дафни як писари 15 сола миёни пулис ва эътирозгарони шиа, ки хостори ислоҳот дар ин кишвар мебошанд, задухӯрд рух дод. Бино ба гузоришҳо, пулис бар зидди тазоҳуркунандагон аз гази ашковар, тирҳои резинӣ ва бамҳои дастии ваҳшатзо истифода кардааст. Гузориш мешавад, ки дар миёни эътирозгарон чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ин писари 15 сола дар ҷазираи Ситра рӯзи шанбе дар даргириҳои миёни тазоҳуркунандагон ва кормандони пулис кушта шудааст. Ҳамакнун даҳ моҳ дар Баҳрайн тазоҳуроти эътирозии зидди давлатӣ идома дорад ва дар ин кишвари аксаран шианишин эътирозгарон хостори ислоҳот дар ҳукумат мебошанд. Дар Баҳрайн ҳукумат дар дасти пайравони мазҳаби суннист.