Ҷаҳон соли 2012-ро бо умед ва ҳарос пешвоз гирифт

Мардум дар саросари ҷаҳон аз соли нави 2012 бо оташбозӣ, намоишҳои идона, рақсу суруд ва садои зангӯлаҳо истиқбол карданд. Дар шаҳри Ню Йорк садҳо ҳазор нафар дар Тайм Сквер ҷамъ омаданд, то фуруди тӯби булӯриро дар нимашаб тамошо кунанд. Овозхони машҳур Леди Гага дар паҳлуи шаҳрдори Ню Йорк Майкл Блумберг низ дар сафи ҷамъомадагон буд.

Баъд аз соли заминларзаи харобиовар ва тснумаӣ дар Ҷопон, тӯфони иқтисодӣ дар Аврупо ва ҷойҳои дигар, нооромиҳои “Баҳори араб” ва авҷи тазоҳуроту ҳақталошиҳо дар аввалин сонияҳои соли нав сарони ҷаҳон аз умед ва ҳамзамон ошуфтагӣ паём доданд

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама гуфт, 2011 соли мушкилоти бузург ва пешрафти бузург барои Амрико буд. Вай афзуд, умедвор аст, ки иқтисодиёти Иёлоти Муттаҳида дар соли 2012 рӯ ба рушд хоҳад дошт, вале ҳушдор дод, ки мушкилот дар дохили Амнрико ва саҳнаи ҷаҳонӣ афзоиш меёбад. Сарони Аврупо дар паёмҳои солинавии хеш огоҳ карданд, ки бӯҳрони молиявӣ ҳанӯз ба поён нарасидааст ва 2012 мумкин аст, аз соли гузашта ҳам сангинтар шавад.

Раисиҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ гуфт, Аврупо дар авҷи бӯҳроне, ки аз замони Ҷанги Ҷаҳонии дувум дида нашудааст, дар байни хатар ва имкониятҳо хоҳад калавид.

“Мо бояд ҷасур ва рӯшандил бошем. Соли 2012 як соли пур аз хатар, аммо ҳамчунон пур аз имконият хоҳад буд. Пур аз умед, агар тавонем ба мушкилот расидагӣ кунем. Пур аз хатар, агар ором нишинем.”

Сарони кишварҳои дигари Аврупо низ эътироф карданд, ки соли сахтеро дар пеши рӯ доранд. Раҳбари калисои румии католик Поп Бенедикт гуфт, башарро дар соли нав идроки тарс, вале инчунин умеди ояндаи беҳтар интизор аст.

Дабир кулли Созмони Милал Бан Ки-мун, ки давраи дувум ва ниҳоии корашро шурӯъ мекунад, гуфт, умедвора аст, ҷаҳонро ба сӯи демкоратия ва адолат раҳнамоӣ хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими истиқлолияти кишвараш, солорӣ ва шукрона даъват намуд.