Ҳангоми дуздии бонк дар Украина 5 нафарро куштанд

Дар шаҳри Донетски Украина ҳангоми дуздии бонк 5 нафар кушта шудаанд. Олга Почкалова-сухангӯи пулиси шаҳри Донетск дар бораи ин ҷиноят, ки рӯзи панҷшанбе рух дод, хабар додааст. “Соати 15:15 пулис аз номи ожонси амниятӣ паёме дарёфт кард. Дар он гуфта мешуд, ки дуздон Приватбанкро дар хиёбони Театралний ғорат кардаанд ва одамон кушта шудаанд ва онҳо ба ёрӣ ниёз доранд”. РИА Новости гузориш додааст, ки ҳамаи кушташудагон кормандони Приватбанк мебошанд.