Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ҳуҷҷатеро имзо кардааст, ки дар он стратегияи муҳоҷирати корӣ аз ин вилоят ба хориҷ то соли 2015 муайян шудааст. Дафтари матбуотии вилояти Суғд гуфтааст, ҳадафи ин стратегия танзими муҳоҷирати корӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тарбияи касбии муҳоҷирон аст. Раҳбарияти вилоят аз ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилоят хостааст, ки онҳо низ дар ин замина барномаҳои худро таҳия ва иҷро кунанд. Бино ба маълумоти мавҷуда, муҳоҷирати корӣ аз ин вилоят дар соли ҷорӣ нисбат ба соли 2010 тақрибан 4,5 дарсад афзоиш ёфтааст.