Кореяи Шимолӣ сиёсатро тағир намедиҳад

Кореяи Шимолӣ эълон кард, ки бо тағири раҳбарият сиёсат дар ин кишвар тағир нахоҳад ёфт. Дар ин кишвар мотами 11 рӯза ба сабаби даргузашти Ким Чен Ир ба поён расид. Писари дуввуми вай Ким Чен Ун раҳбари сисёсӣ ва раҳбари низомии кишвар эълон шудааст. Наттоқи зан аз телевизиони давлатии кишвар эъломияи вазорати дифоъро ин гуна қироат кард:

Ба ин муносибат мо сарбаландона бо боварӣ эълон мекунем, ки сиёсатмадорони аблаҳ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла нируҳои дастнишондаи Кореяи Ҷанубӣ набояд интизори ягон тағире дар мо бошанд”.

Кореяи Шимолӣ ҳамчунин эълон кард, ки бо “гурӯҳи фурӯхташуда”-и Короеяи Ҷанубӣ ба раҳбарии раиси ҷумҳури он сару кор нахоҳанд дошт.