Нигаронии Амрико аз таъқиби созмонҳо дар Миср

Виктория Нуланд

Амрико аз амалиёти пулиси Миср болои созмонҳои ғайридавлатие, ки аз хориҷ таъмини молӣ мешаванд, изҳори нигаронии амиқ кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд аз мақомоти Миср хост, то билофосила ба “табъиз”-и кормандони чунин созмонҳо нуқта гузорад. Матбуоти расмии Миср хабар дод, ки 17 гурӯҳи ҳомии ҳуқуқ ва демократӣ таҳти таъқиб қарор гирифтааст. Ҳокимони низомии Миср бо ин тааҳҳуд, ки чигуна таъмини молӣ шудани чунин созмонҳо таҳқиқ хоҳад шуд, ҳушдор додаанд, ки дахолати хориҷӣ дар умури кишварро таҳаммул нахоҳанд кард.