Ҳукми умрбоди "Кӯри Малиш"

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Ҳикматуллоҳ Азизов, мулаққаб ба “Кӯри Малиш”, яке аз 25 маҳбуси соли гузашта фироркардаро ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Ҳикматуллоҳ Азизов дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон аз ёрони Мирзо Зиёев, фармондеҳи нирӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик буд ва соли 2009, баъди кушта шудани Мирзо Зиёев дар ҷараёни як амалиёти вижа дар ноҳияи Тавилдара боздошт ва ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд. Шаби 23 августи соли 2010 25 маҳбус, аз ҷумла Азизов, аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. Ӯро баъди чанд моҳ дар Афғонистон дастгир карда, пас оварданд.