Мушкили иқтисодӣ таҳсил дар хориҷаро барои бархе аз ҷавонони тоҷик “дастнорас” гардонидааст.
Ганҷина Ганҷова, яке аз он ҷавонҳоест, ки орзу дорад, то дар хориҷ аз кишвар таҳсил бикунад. Аммо дар пайи тангдастии аҳли хонавода ин орзуи ӯ то ҳол амалӣ нашудааст.
Ганҷина хабарнигор аст ва зимни иштирок дар як озмун шонси таҳсил дар яке аз донишгоҳҳои Малайзияро ба даст овард. Вале шарти озмун ин буд, ки Ганҷина ҳадди ақал маблағи ғизо ва иҷораашро дар Малайзия пардохт намояд.
Ин хабарнигори ҷавони тоҷик мегӯяд, шонс замоне аз дасти ӯ рафт, ки волидонаш гуфтанд, барои таъмини зиндагии ӯ дар Малайзия тавони молӣ надоранд.
“МЕЪЁРҲОИ КАМАРШИКАН”
Сафарбек, як ҷавони дигари тоҷик, мегӯяд, ҳарчанд барои таҳсил дар Амрико талош кардааст, аммо муваффақ нашудааст, ки раводиди сафар ба Иёлоти Муттаҳидаро дарёфт бикунад. Ӯ мегӯяд, талабот барои дарёфти раводиди Амрико, ки бояд ҳар як донишҷӯ дар суратҳисобаш бештар аз 18 ҳазор доллар дошта бошад, миёншикан аст.
Гулафшон Соқиева, хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ангезаи таҳсил дар хориҷа аз шароити феълии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Ба қавли ӯ, рушди фасод, хешу таборбозӣ ва беарзиш будани таҳсилу нафари таҳсилдида ҷавонҳоро ба дурнамои таҳсилу дипломдорӣ дар кишвар дилсард кардааст.
Вай гуфт, “гумон намекунам, онҳое, ки дар хориҷа таҳсил доранд, танҳо ба хотири соҳибихтисос шудан он ҷо рафта бошанд. Баъзе барои шароит ва зиндагии беҳтар ба кишварҳои дигар мераванд ва дигар барнамегарданд. Танҳо онҳое бармегарданд, ки дар Тоҷикистон ба истилоҳ “криша” дошта бошад ва ӯро мансаб ё вазифае интизор аст.”
ДАР ОРЗУИ “ОҒОХОНИ ТОҶИК”
Бо вуҷуди он ки сафи афроди доро дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз бештар мешавад, вале то ҳол сарватманд ё тоҷире дар мавриди таъсиси бурс барои таҳсили ҷавонони лаёқатаманди тоҷик дар хориҷ аз кишвар иттилоъ надодааст.
Ин аст, ки чун солҳои пешин довталабҳои таҳсил дар хориҷа танҳо ба Фондҳо ё бунёдҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Фонди Сорос ва Бунёди Оғохон умед мебанданд. Дар Тоҷикистон асосан созмонҳои байнулмилалӣ ҷавонони боистеъдодро барои таҳсил дар хориҷа маблағгузорӣ мекунанд. Барои намуна, Бунёди Оғохон барои таҳсили як ҷавон то 20 ҳазор доллар сарф мекунад.
САРВАТ МЕРАВАД...
Меҳмоншо Шарифов, пажӯҳишгари тоҷик, мегӯяд, ҳар як давлат ва миллат бояд аз афроди лаёқатмандаш ҳимоят бикунад ва сарватмандони даврони истиқлол ҳам бояд барои бедории мағзҳо ва рушди ақлонии миллат саҳмгузор бошанд.
“Зеро манбаи даромади онҳо аз моли ҳамин миллат аст ва сарвату мол ва ҳукуматҳо мераванд, аммо зарфияти ақлонӣ ва илмии кишвар барои пойбарҷо нигоҳ доштани миллат ва давлат ба мерос мемонад”,-гуфт ӯ.
Аммо чаро фарҳанги дастгирии довталабони ҷавон дар байни сарватманди Тоҷикистон шакл нагирифтааст? Нилуфар, як донишҷӯи тоҷик, бо шиква сарватмандон ё афроди дорои Тоҷикистонро “хасис” меномад. Ба гуфтаи Нилуфар, дасти сахои сарватмандони тоҷик шояд замоне боз шавад, ки президент Раҳмон ба онҳо амр диҳад ва ё маҷбур кунад, ки ҳар кадоме аз онҳо ҳудуди 10 ҷавони болаёқатро зери қаноташон бигиранду зиндагиву таҳсили онҳо дар хориҷаро таъмин намоянд.
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ҷомеашиносон, сарватмандони тоҷик ҳама “соягӣ”-анд ва дар ҳоле ки бахши умдаи мардум дар фақр ба сар мебаранд, онҳо низ кӯшиш мекунанд, ки сарвату боигариҳояшон ошкор нашавад.