Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро донишҷӯёни тоҷик аз хориҷа барнамегарданд?


Донишҷӯёни тоҷик дар иёлоти Массачусетси Амрико(акс аз бойгонӣ)
Донишҷӯёни тоҷик дар иёлоти Массачусетси Амрико(акс аз бойгонӣ)

Бархе аз ҷавонон, ки бо роҳхатти Вазорати маориф барои таҳсил ба хориҷа рафтаанд, хоҳиши баргаштан ба ватанро надоранд.

Музаффар имсол бахши ҳуқуқи Донишгоҳи муосири гуманитарии Маскавро хатм мекунад. Вай мегӯяд, ба ватан баргаштанӣ нест, зеро ояндаеро барои худ дар ин ҷо намебинад.

Вай меафзояд: «Ҳар сол ҳангоми таътил ба Тоҷикистон омада, ба натиҷае расидам, ки ба ин ҷо баргаштани ман суде надорад. Барои як кори муносиб ёфтан, ба истилоҳ, «криша» лозим аст. Маош барои зиндагӣ намерасад, ришвагириро ман қабул надорам. Мехоҳам, бо меҳнати ҳалол пули худамро ёбаму ояндаамро созам.»

ЧАРО ДОНИШҶӮЁН АЗ ХОРИҶ БАРНАМЕГАРДАНД?

Зоҳиран, вақте ки донишҷӯён вазъи иҷтимоии кишварро тасаввур мекунанд, шӯру шавқи ватанхоҳоияшон ин ҷо ба поён мерасад.

Фирӯз Саидов, коршиноси Маркази пажӯҳишҳои стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд: «Бисёр вакт он музде, ки дар аксари корхонаҳо вучуд дорад ба талаботи онхо мувофиқат
Фирӯз Саидов

намекунад. Ман гуфта наметавонам, ки бисёр донишҷӯён дар корхонаҳо кор ёфта наметавонанд, лекин он музде, ки барояшон пешниҳод мешавад, талаботи онҳоро қонеъ карда наметавонад.»

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Абдусаттор Одинаев, сардори бахши рушди барномаҳои таҳсилоти байнамилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон, аз соли 2001 то охири соли 2010 танҳо ба Федератсияи Русия 1036 нафар донишҷӯ барои таҳсил фиристода шуда, теъдоди қобили мулоҳизаи онҳо барнагаштааст.

Ҷаноби Одинаев, меафзояд, Вазорати маорифи Тоҷикистон барои баргардонидани донишҷӯён талошҳое мекунад: «Маркази барномаҳои байнулмилалӣ бо ҳамаи донишҷӯёне, ки ба хориҷа фиристода мешаванд, шартномаҳои сеҷониба мебандад. Байни донишҷӯ, падару модари ӯ ва марказ. То ки онҳо баъди хатми донишгоҳ баргашта, лоақал 5 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд.»

Коршиносон барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавононро падидаи нек медонанд, аммо мегӯянд, дар сурате, ки аз нерӯи ин ҷавонон дар пешбурди кишвар истифода намешавад, ин барнома чӣ зарурате дорад.

МУТАХАССИС БАРОИ КИШВАРҲОИ ДИГАР

Масъала ин аст, ки аксарияти ин ҷавонон бо маблағҳои буҷавии Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва ин мазмун ҳосил мешавад, ки давлати Тоҷикистон барои кишварҳои дигар мутахассис омода мекунад, дар ҳоле ки худ ба онҳо ниёз зиёд дорад.

Таҳлилгарон сабаби ин ҳолати тазодомезро дар ношаффоф будани интихоби ҷавонон барои таҳсил дар хориҷа мебинанд. Гуфта мешавад, як теъдоди бузурги ин ҷавонон фарзанд ё хешу пайвнди афроди мансабдоранд ва иддае ҳам барои таҳсил дар хориҷа ришва медиҳанд.

Шояд аз ин ҷост, ки онҳо пас аз таҳсил салоҳ медонанд, ҳамроҳи мардуми худ, ки аз пули он илм омӯхтаву соҳиби касбукор шудаанд, сахтиҳои имрӯзаи Тоҷикистонро бо ҳам набинанд ва эҳтимол аз ин ҷост, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон коре дар муқобили ин раванд карда наметавонад.

Навиштаи Абдуллоҳи Ашӯр
XS
SM
MD
LG