Имрӯз идораи додситонии кулли Қазоқистон эълон кард, ки тафтиши парвандаи ҷиноии амалкарди афсарони полиси ин кишвар ҳангоми муқовимат ба эътирозгарони шаҳри ғарбии Жанаозенро оғоз намудааст. Намояндаи идораи додситонии кулли Қазоқистон Нурдавлат Суиндиқов гуфт, тафтиш бояд муайян кунад, ки истифодаи силоҳ ҳангоми пароканда намудани гирдиҳамоии эътирозии ходимони соҳаи нафт мутобиқ ба вазъият сурат гирифтааст ва ё полис аз салоҳиятҳояш сӯиистифода намуд. Дар эътирозҳои Жанаозен камаш 15 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар сомонаҳои интернетӣ навори видео ҷо дода шудааст, ки дар он полис эътирозгаронро аснои фирор ҳадафи тир қарор медиҳад. Коргарони соҳаи нафти Жанаозен сар аз моҳи май бо тақозои баланд бардоштани маош эътироз доштанд. 16-уми декабр дар рӯзи ҷашни истиқлоли Қазоқистон эътирозгарон намоиши идонаи шаҳрдории Жанаозенро мутаваққиф намуданд, ки боиси дахолати полис ва қатли эътирогарон шуд. Ҳамчунон Суиндиқов таъкид кард, ки дар Жанаозен ҳабси ташкилкунандагони хушунат идома дорад. Ӯ афзуд, то кунун 20 кас боздошт шудаву ба 18 нафари онҳо айбнома эълон шудааст.