Ҳушдори тунди Амрико дар мавриди гулӯгоҳи Ҳурмуз

Машқҳои артиши Эрон дар гулӯгоҳи Ҳурмуз

Пентагон гуфт, ягон навъ ихлол дар равуои киштиҳо тавассути гулӯгоҳи Ҳурмуз – масири асосии интиқоли нафти Ховари Миёна ба бозори ҷаҳониро таҳаммул нахоҳад кард. Сухангӯи артиши панҷуми баҳрии Амрико гуфт, артиши баҳрии Амрико барои таъмини амнияти “хутути муҳим” дар минтақа “ҳузури қавӣ” дорад. Ҳушдори Амрико дар ҳолест, ки ду рӯз пеш ноиби раисиҷумҳури Эрон Муҳаммадризо Раҳимӣ гуфт, дар сурати эъмоли таҳримот рӯи содироти нафташ, Теҳрон убури “як қатра нафт”-ро тавассути Ҳурмуз иҷозат нахоҳад дод.