Генерал Муҳаммад Мустафо ал-Дабӣ, раиси ҳайати нозирони Ҷомеъаи кишварҳои араб аз ҳалли бӯҳрон дар Сурия изҳори хушбинӣ кард. Дар мусоҳиба бо хабаргузории Рейтер ӯ авзоъ дар шаҳри Ҳумс, маркази намоишҳои эътирозии алайҳи раисиҷумҳур Башор Асадро, “умедворкунанда” номид ва аммо афзуд, ки тафтиши иловагии ҳаводиси ин шаҳр зарур аст.
Сокинони Ҳумс нозиронро хуш истиқбол гирифтанд ва “Ба мо ҳимояти байнулмилалӣ зарур аст!” нидо мекарданд.
Ба иттилоъи СММ, дар ҷараёни намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Сурия, ки аз моҳи март идома дорад, беш аз панҷ ҳазор нафар кушта шуданд.