Нозирони Лигаи Араб дубора ба Ҳумс мераванд

Тонкҳо дар Ҳумс

Нозирони Лигаи Араб қасд доранд, имрӯз ҳам аз аз шаҳри Ҳумс- маркази эътирозҳои алайҳи раисиҷумҳури Сурия Башор Асад – дидан кунанд. Нахустин гурӯҳи 50-нафарӣ аз 150 нозире, ки бояд ба хотири назорати раванди сулҳ то поёни сол дар Сурия мустақар шаванд, рӯзи душанбе вориди ин кишвар шуд. Дирӯз онҳоро дар Ҳумс даҳҳо ҳазор эътирозгар истиқбол гирифт.
Мақомот, ба гуфтаи эътирозгарон, ба хотири ором нишон додани вазъ як қисми тонкҳоро аз Ҳумс берун кашидаанд. Тайи 9 моҳи эътирозҳо дар Сурия, ба ҳисоби СММ, 5000 нафар кушта шудаанд.