Бонки ҷаҳонӣ масъалаи ироаи 200 миллион доллар қарзи боимтиёз ба манзури иҷрои тарҳи CАSА-1000-ро баррасӣ мекунад. Тарҳи мазкур кашидани хатти баландшиддати интиқоли нирӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад. “Азия Плюс” мегӯяд, ҳазинаи ин барнома дар ҳоли ҳозир 953 миллион доллар баровард шуда, 251 миллионаш барои сохтани як қисмати ин хатти барқ ва зеристгоҳҳояш дар ҳудуди Тоҷикистон пешбинӣ