Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, дар рӯзи чаҳорумин солгарди қатли ҳамсараш Беназир Бҳутто, гӯри ӯро зиёрат кард ва аз ҳамватанонаш хост, монеъи ҳаргуна тавтиа алайҳи демократия шаванд. Осиф Алӣ Зардорӣ, қатли Беназир Бҳутторо “дасисае барои дуздии ормони аслии Покистон, яъне таъсиси як демократияи коро” номид. Чанде пеш сару садоҳое баланд шуд, ки артиши Покистон ва Додгоҳи Олӣ мехоҳанд, ҳукумати феълиро сарнагун кунанд. Имрӯз даҳҳо ҳазор нафар дар Покистон ёди Беназир Бҳутторо гиромӣ доштанд, ки ӯ 27 декабри соли 2007 дар натиҷаи тирандозӣ ва ҳамлаи бомбгузори маргталаб дар шаҳри Равалпиндӣ кушта шуд.