Владимир Путин, нахуствазири Русия, мухолифони давлаташро танқид кард, ки ба қавли ӯ мехоҳанд, натиҷаҳои интихобот ба Думаи Давлатиро таҳти шубҳа қарор диҳанд. Владимир Путин ба тазоҳуроти густурдаи рӯзи 24 декабр ишора кард, ки дар он мардум аз ҳукуматдории тӯлонии ӯ ва натиҷаҳои интихоботи рӯзи 4 декабр изҳори норизоятӣ карда ва хостори баргузории интихоботи нав шуданд. Ба гуфтаи мухолифин, дар интихобот ба нафъи ҳизби Русияи Воҳид тақаллуб кардаанд. Владимир Путин, мухолифони давлаташро танқид кард, ки ба гуфтаи ӯ барномаи воҳид ва ҳадафҳои рӯшану роҳҳои расидан ба ин ҳадафҳоро надоранд. Ба қавли Путин, дар байни мухолифон “ягон одаме нест, ки кори мушаххасе анҷом дода тавонад.”