Посухи масъули Хадамоти муҳоҷират ба суоли хонандагон

Саиғуфрони Абдулло, муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон

Муовини раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба суоли хонандагони торнамои "Озодӣ" посух гуфт.
Бештари пурсиши хонандагон ба мавзӯи дарёфти иҷозатномаи кор дар Русия, вазъи муҳоҷирон ва нақшаву барномаҳои Хадамот барои содда кардани раванди муҳоҷират дахл дошт.

Ҷаноби Абдулло ба ин ҳама пурсишҳои хонандагон, ки дар тӯли ду ҳафта ба унвонии ӯ омадаанд, посухҳои муффасал дод. Вай аз ҷумла дар мавриди додани патент ба муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Тоҷикистон, ки пурсишҳои зиёдеро миёни сокинон халқ кардааст, рӯшанӣ андохт.

Ӯ гуфт, “ин барномаи таҷрибавӣ мебошад. Тибқи ин барнома шаҳрвандони мо маблағҳои патентро шахсан, бе воситаи шахси дигар ё корманди Хадамоти муҳоҷират, ба филиалҳои Амонатбонки Русия дар Тоҷикистон пардохт мекунанд ва бемамоният дар мӯҳлатҳои муаяншудаи қонун соҳиби патент мегарданд. Татбиқи ин барнома аз фурудгоҳи “Домодедово”-и вилояти Маскав оғоз мегардад ва механизми иҷрои онро дар рафти кор боз такмил медиҳем, то шаффофияти онро таъмин намоем.”

СУОЛУ ҶАВОБРО ДАР ИН ҶО БИХОНЕД

Саиғуфрони Абдулло соли 1964 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шудааст. Соли 1990 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм карда, фаъолияти меҳнатияшро ба ҳайси мудири шӯъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Кумитаи иҷроии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шурӯъ намудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Посухи масъули Хадамоти муҳоҷират ба пурсиши хонандагон



Баъдан, дар солҳои 1998 то 2001 дар вазифаҳои мушовир ва сармушовири Кумитаҳои сохтори давлатӣ ва қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

Ҷаноби Абдулло аз соли 2001 то 2004 сардори раёсат дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва баъдан намояндаи ин вазорат дар шаҳри Новосибирски Русия дар умури муҳоҷирони корӣ будааст.

Саидғуфрони Абдулло солҳои 2008 то 2010 дар дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ба унвони сармутахасиси шӯъбаи ҳуқуқӣ ва баъдан мушовири раисиҷумҳур оид ба сиёсати ҳуқуқӣ будааст. Ӯ аз аз феврали соли 2010 муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад.