Суол: Бигӯед, ки чаро вазъи муҳоҷирон дар Русия бад шудааст?
Ҷавоб: Мутаассифона вазъи муҳоҷирон дар ин кишвар хеле ҳам вазнин шудааст. Ҳамеша хуб набуд, вале ҳозир боз бадтар шудааст. Ба хотири он, ки як қазияи сирф ҷиноӣ ва ҳуқуқиро дар ин кишвар тобиши сиёсӣ доданд. Ва пеш аз ҳама ин вобаста аст ба марҳилаи пеш аз интихоботӣ дар ин кишвар. Мо бисёр хабарҳо мегирем, ки ҳатто афроде, ки ба таври расмӣ ҳуҷҷатҳои зарурӣ дорад, чанд рӯзи охир онҳоро дар кӯчаҳо, дар ҷои кор, аз дӯконҳояшон боздошт карда, ҳуҷҷатҳояшонро пора карда онҳоро ба боздоштгоҳҳои муваққатӣ мебаранд.
Суол: Аз рӯи маълумоти Ситоди ташкилкардаи Шумо ҳоло шумори боздоштшуда чӣ қадар аст?
Ҷавоб: То дирӯз қариб 300 нафар буданд.
Суол: Муҳоҷирон боздоштшуда мепурсанд, ки сарнавишти онҳо чӣ мешавад, ин қазия зери назари ҳукумат ҳаст ё на?
Ҷавоб: Аввалан ин, ки мо ба сарнавишти ҳеҷ кадоме аз онҳо бетараф нестем. Аз рӯзе, ки ин маърака сар шуд, дарҳол як Ситод ташкил додем. Дар ин ситод на танҳо кормандони сафорат, балки тамоми мақомоти намояндагиҳои Тоҷикистон шомил ҳастанд.
Суол: Баъзеҳо мегӯянд, ки ба Шумо занг зада наметавонанд?
Ҷавоб: Дар ин бора аз куҷое кадом хабар биояд, як намояндаи сафорат ва як нафар аз намояндагони Хадамоти муҳоҷират ба он ҷойҳо мераванд, вомехӯранд, муайян мекунанд. Як чизи дигарро ҳам бояд бигӯям, ки дар ҳамин ҳолати вазнин, афроде ҳастанд, ки суроғаҳои набударо ба мо медиҳанд. Чун намояндаҳои мо ба онҷо мераванд, ҳеҷ ҳодисае дар онҷо нест. Вале бисёре аз ин хабарҳо дуруст ҳастанд ва бо раҳбарони дар онҷо будагиҳо сӯҳбат мекунанд.
Аз номи сафорат ман ба ин кишвар нота додаам, ки дар ин ҳолати пешомада тамоми кормандони сафорат ба ҳар куҷое, ки фиристода мешаванд, бе ягон мамоният бо шаҳрвандони Тоҷикистон мулоқот карда тавонанд.
Суол: Имрӯз сафири Русия дар Тоҷикистон ба хабаргузории Интефакс гуфтааст, ки бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кардааст ва ба назар мерасад, ки мавқеи ҳар ду тараф ба ҳам наздик шудааст. Вай гуфтааст, ки ҳар ду тараф ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ин қазия ҳастанд. Шумо дар ин маврид чӣ гуфта метавонед?
Ҷавоб: Агар шумо хабар дошта бошед, ду рӯз қабл ман дар вазорати умури хориҷии Русия будам ва бо муовини вазир мулоқот доштам ва ҳама масъалаҳои ҷониби Тоҷикистонро бо онҳо баррасӣ кардам. Мо ҳама тарафдори онем, ки ин қазия ҳал гардад ва бо тақдири мардуми мо дар ин ҷо бозӣ накунанд. Ва ё рафтори судҳо ва ё дигар мақомотот боиси ошуфтаҳолии муҳоҷирин, ки барои истеҳсолоти ин кишварҳо кор мекунанд нашавад ва онҳо бояд ҷабр набинанд. Дигар ин, ки дар ҳоле президент қазияи халабононро дар зери назорати худ гирифтанд, ман боварӣ дорам ин қазия дар чаҳорчӯбаи қонунҳои мавҷудаи Тоҷикистон ба бисёр хубӣ ҳал мешавад.
Суол: Ҷаноби сафир, оё Тоҷикистон ҳаминро пешбинӣ мекард, ки равобити Тоҷикистон бо Русия пеш аз интихобот ба ин ҳад дучори мушкилот мешавад? Дар ҳоле, ки Русия барои озодсозии як халабони худ ин ҳама фишорро ворид месозад ва лашкари чандсадҳазораи муҳоҷирони тоҷикро зери фишор қарор додааст. Оё мумкин буд аз ҳамин ҳолат пешгирӣ шавад?
Ҷавоб: Ман бовар дорам, ки талаб кардани иҷрои риояи қонун дар қаламрави кишвари мустақил зарурӣ аст. Меъёрҳои ҳамаи кишварҳо дар ин маврид ба ҳам монанд ҳастанд. Аммо дар мавриди ин, ки чаро кор ба ин ҷо кашид, бояд гуфт, ки ин эҳтиром ба қонун аст, ин меъёрҳои кишвари мо буд.
Суол: Пас чаро ҳоло Русия ҷавоби сиёсӣ медиҳад?
Ҷавоб: Инҷо низ рӯз дар миён шаҳрвандони моро зиндон мекунанд. Ва мо ҳеҷ вақт дар тӯли 20 сол бо сабаби зиндон кардани шаҳрвандонамон дар Русия, муносибати дӯстонаи ду кишварро зери шубҳа намондем. Ба хотири он, ки шаҳрвандони мо дар ин ҷо бисёр ҳастанд ва мо дар чандин созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ шарикони стратегӣ ҳастем. Ва ин хабар, ки дар бораи ин қазия раҳбарияти олии Тоҷикистон медонист, нодуруст аст. Ман дар ин бора мегӯям, рӯзе нест, ки дар Русия чанд нафар хориҷиён зиндонӣ шаванд. Оё раиси ҷумури Русия дар бораи ҳамаи онҳо хабар дорад? Ман фикр мекунам, сабаби аслӣ дар инҷо мавсими пеш аз интихоботӣ аст ва дигар ин, ки дар пушти ин ширкати номаълум кадоме аз қазияҳалкунандагони ин кишвар меистанд.
Суол: Матбуоти Русия навиштанд, ки раҳбарони Тоҷикистон бо маҳкумияти ду халабон мехоҳанд, ки қасдашонро аз зиндоникунонии кадом як фарзанди мансабдори наздик ба раиси ҷумҳури бигирад ва номи мушаххас дар онҷо гуфта мешавад. Шумо дар посух ба ин иддаоҳо чӣ мегӯед?
Ҷавоб: Ин дурӯғи маҳз аст, ин бофтаи матбуоти ин кишвар аст. Ин мавқеи кадом қувваҳое ҳаст, ки мехоҳад обрӯи раҳбарони олии кишвари моро паст занад. Ман ин ду оиларо бисёр хуб медонам. Агар баъд аз ба Масква сафир шудани ман қаробат пайдо карда бошанд ва илло ба ҳам ҳеҷ хешутаборӣ надоранд. Ва дуруст аст, ки писари он кас (Амонуллоҳ Ҳукумов) се сол пеш боздошт шуда буд ва ҳоло дар зиндон аст.
Суол: Дар зиндони Маскав аст?
Ҷавоб: Дақиқ намедонам.
Суол: Қочоқи маводи мухаддир аст гуноҳаш?
Ҷавоб: Бале қочоқи маводи мухаддир аст. Бояд инро бигӯяд, ки дар инҷо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фарзандони серпули на танҳо шахсиятҳои сернуфузу дорои Тоҷикистон, балки аз тамоми шӯравии собиқро «шикор» мекунанд, то чизе аз онҳо ситонанд. Илоҳо ҳамин хел набошад писари Ҳукумов. Агар аз ин нигоҳ бошад ба виҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар вогузор мекунем. Аммо агар дар воқеъ чунин бошад, ҳайфи нафарони масъули мо, ки фарзандонашон ба ин кор даст мезананд .