Малайзия дар Душанбе бахши донишгоҳашро боз мекунад

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки Малайзия дар Тоҷикистон шӯъбаи донишгоҳи худро боз кунад. Дар ин бора дар мулоқоти Руқия Қурбонова-муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Лим Кок Винг-раиси донишгоҳи Малайзия дар шаҳри Душанбе тавофуқ ба даст омадааст. Дар ҷараёни ин мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши омӯзишу парвариш баррасӣ шуд. Донишгоҳи Лим Кок Винг аз донишгоҳҳои байналмиллалии Малайзия ба шумор меравад ва дар Куала Лумпур-пойтахти кишвар ҷойгир аст. Дар он аз 90 кишвари ҷаҳон донишҷӯён таҳсил мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.