Дар як ҳодисаи фоҷиавӣ дар рӯзи Мавлуди Масеҳ дар аёлати Тексаси Амрико 7 нафар кушта шудаанд. Аҷсоди тирхӯрдаи 4 зан ва 3 марди синнашон аз 20 то 60-соларо аз зери арчаи идона дар манзиле дар шаҳри Грейпвин пайдо кардаанд. Муфаттишон мегӯянд, тирандозӣ вақте шурӯъ шудааст, ки ин афрод тӯҳфаҳои худро мекушоданд. Пулис мегӯяд, тирандоз зоҳиран яке аз кушташудаҳо буд, ки гумон меравад, худкушӣ карда бошад. Далели ин тирандозии фоҷиабор ҳанӯз рӯшан нест.