Артиши Судон гуфт, раҳбари муқтадиртарин гурӯҳи чирикӣ дар вилояти ғарбии Дарфурро куштааст. Низомиҳои Судон мегӯянд, Халил Иброҳим, раҳбари Ҷунбиши адолат ва баробарӣ, дар як даргирӣ бо нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвари африқоӣ кушта шуд. Ҳалокати раҳбарашонро чирикиҳо низ эътироф карданд, вале онҳо мегӯянд, ки Халил Иброҳим дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ ҷон бохт, на дар рӯёрӯӣ бо нирӯҳои давлатӣ. Ҳалокати Иброҳим дар ҳолест, ки Ҷунбиши адолат ва баробарӣ ҳафтае пеш аз оғози ҳаракати нирӯҳояш аз Дарфур ба самти Хартум- пойтахти Судон – хабар дода буд.