Попи Рум Бенедикти 16 дар ниёиши суннатии худ дар рӯзи Мавлуди Исои Масеҳ аз эътиқодмандон хост, дар ин дунёи бесарусомон ҷӯёи “ваҳдати рӯҳонӣ” бошанд. Ниёиши Попи Рум аз калисои Питери муқаддас аз Ватикан, ба 65 забон аз ҷумла арабиву яҳудиву ҳиндӣ садо дод ва аз тариқи телевизиону радиоҳои 60 кишвар пахш шуд. Пешвои рӯҳонии бештар аз як миллиарду 100 миллион нафар католикҳои ҷаҳон дар ниёши худ аз гӯшаҳои гирифтори дунё ёд кард ва хостори садо баланд кардан ба хотири “онҳое шуд, ки ба додашон касе намерасад”. Ӯ дар идомаи ниёишаш гуфт: “Худоё ба кӯмаки ҷаҳони мо бирас, ки бо муноқишаҳои зиёде тика пора шудааст ва ҳатто имрӯз ҳам доғи хун дар рӯи замин аст. Худоё ба сарзамине, ки Исои Муқаддас ҷойи таввалуди хеш интихоб кард, сулҳу оромӣ ато фармо ва исроилиҳову фаластиниёнро ба муколама ташвиқ намо. Худоё ба хушунат дар Сурия хотима деҳ, ки хуни зиёде онҷо рехта шуд. Худоё оштии комил ва суботро дар Ироқу Афғонистон суръат бахш.“
Бенедикти 16 ҳамчунин аз Худо хост, ба мардуми кишвари Шохи Африқо, ки аз гуруснагиву камбуди ғизо ранҷ мекашанд, кӯмак кунад.