Як маргталаб дар Афғонистон 10 нафарро кушт

Дар як ҳамлаи маргталабона дар вилояти Тахори Афғонистон дасти кам 10 нафар ба шумули як вакили мардумӣ кушта шудаанд. Ҳабибулло Рустоқӣ, сартабиби шифохонаи вилоятии Тахор, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳамла бештар аз 40 нафар захм бардоштаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ, аз маҳалли ҳодиса хабар дод, ки Абдул Муталаб Бейг, вакили мардумии Афғонистон дар ин таркиш ҳалок шудааст.