Интиқоди Попи Рум аз шеваи таҷлили Мавлуди Исо

Попи Рум Бенедикти 16 барои тиҷорати васеъ истифода шудани мавсими таҷлили Мавлуди Исои Масеҳро интиқод кард, ки ҳоло насрониёни саросари ҷаҳон ҷашн мегиранд. Пешвои 1 миллиарду 300 миллион католикҳои ҷаҳон шоми шанбе маросими суннатии таҷлили Мавлуди Исои Масеҳро дар калисои Питери муқаддас дар Ватикан баргузор кард. Попи Рум зимни ваъз аз насрониёни ҷаҳон хост, аз таҷлили сарсарии рӯзи ид даст кашанд ва сурури воқеъии рӯзи Мавлуди Масеҳро ба ёд биёранд. Қарор аст имрӯз, попи 84-сола, ниёиши анъанавии худ таҳти унвони ба “Шаҳр ва ҷаҳонро” ироа кунад.