Тоҷики қирғизистонӣ вазири рушди иҷтимоӣ таъин шуд

Равшан Собиров, вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон

Парлумони Қирғизистон ҳайати нави ҳукуматро, ки аз сӯи нахуствазир Омурбек Бабанов пешниҳод шудааст, пазируфт.

Аз ҳайати кобинаи нав, ки ба он се муовини сарвазир ва 15 вазир шомиланд, 113 вакили Жогорку Кенеш пуштибонӣ карданд. Алӣ Карашев муовини аввали сарвазир, Руслан Казакбоев – вазири умури хориҷӣ, Зарилбек Рисалиев, вазири умури дохилӣ таъин шуданд. Вазири дифои Қирғизистон аз сӯи раисиҷумҳур таъин мешавад.

Дар ҳукумати нави Қирғизистон як тоҷик ҳам ҳаст – Равшан Собиров, узви ҳизби “Ота Макон”, раҳбарии вазорати рушди иҷтимоии Қирғизистонро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Равшан Собиров 41 сол дорад ва раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аст.