Сарони ҷаҳон барои ширкат дар расми дафни пешвои “Инқилоби махмалӣ”-и соли 1989 ва нахустин президенти пасокоммунистии Чехословакияи пешин Ватслав Ҳавел вориди Прага мешаванд. Дар маросим қарор аст, президенти Фаронса Николас Саркозӣ, сарвазири Британия Дейвид Камерон, раисиҷумҳури пешини Лаҳистон Лех Валенса, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон ва шавҳараш, президенти пешини Амрико Билл Клинтон ширкат кунанд. Интизор меравад, ки вазири собиқи умури хориҷии Амрико ва зодаи Чехословакияи пешин Маделейн Олбрайт дар ин маросим суханронӣ кунад. Расми дафн ба се рӯзи мотами миллӣ дар Ҷумҳурии Чех ва ҳам Словакия хотима хоҳад гузошт.