Шикояти ҳуқуқи башари СММ аз ҳукми додгоҳи Қирғизистон

Невӣ Пиллай

Имрӯз Невӣ Пиллай-комисари ҳуқуқи башари СММ амиқан изҳори пушаймонӣ кард, ки Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми абади Азимҷон Аскаров-фаъоли шинохтаи ҳуқуқи башари ин кишварро бетағир гузоштааст. Вай аз узбактаборони Қирғизистон аст ва дар ҷараёни муноқишаҳои хунини қавмии қирғизҳо ва узбакҳо соли гузашта боздошт шуд. Аскаров ва 7 нафари дигар барои ташкили даргириҳои қавмӣ дар тобистони соли 2010 муттаҳам шинохта шудаанд. Хонум Невӣ Пиллай гуфт, хеле нигаронкунанда аст, ки қозиёни додгоҳ ба шикояти маҳкумшудагон расидагӣ накардаанд ва эътирофоти макумшудагон аз роҳи таҳдид ва шиканҷа ба даст оварда шудааст.