Бонки марказии Русия хабар додааст, ки дар семоҳаи севвуми соли ҷорӣ муҳоҷирони корӣ аз Русия 12,3 миллиард доллар ба хориҷ фиристодаанд. Дар миёни муҳоҷирони хориҷӣ дар мақоми аввал бо 1,5 миллиард Узбакистон ва дар мақоми дуввум бо як миллиард муҳоҷирони тоҷик қарор доранд. Дар зинаи севвум Украина ва Чин ҷой гирифтаанд. Онҳо 800 миллион долларӣ ба ватанашон фиристодаанд.