Дар вилояти Ленинград ба тоҷикон замин тақсим мекунанд

Дар вилоятҳои Ленинград ва Новгороди Русия барои муҳоҷирони тоҷик 600 ҳектор замин ҷудо карда шуд. Бино ба хабари консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, ба нақша гирифта шудааст, ки баҳорон дар ин заминҳо тоҷикон ба парвариши меваву сабзиҷот ва чорводорӣ оғоз кунанд. Ба муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ба ин корҳо ҷалб мешаванд, барои сабти ном ва дарёфти иҷозаи корӣ 15 ҳазор рубли русӣ қарз дода мешавад.