Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар охирин паёми давлатии худ ба мардуми кишвараш дар назди намояндагони ҳар ду маҷлиси порламон пешниҳод кард, ки “дар низоми сиёсӣ ислоҳоти ҳамаҷониба сурат бигирад”.
“Ман ислоҳоти ҳамаҷониба дар низоми сиёсиамонро пешниҳод мекунам. Ман мехоҳам бигӯям, ки ман ба суханоне дар бораи зарурати тағирот гӯш додам ва ман онҳоро мефаҳмам. Мо бояд ба ҳамаи шаҳрвандони фаъоли худ имкон диҳем, ки дар ҳаёти сиёсӣ ширкат ҷӯянд”.
Медведев пешниҳод кард, ки руасои вилоятҳо дар интихобот интихоб шаванд. Владимир Путин интихоботи онҳоро соли 2004 лағв карда буд.
Ин пешниҳодҳо дар ҳоле эълон шуд, ки баъд аз интихоботи порламонии 4 декабри соли ҷорӣ даҳҳо ҳазор нафар бар зидди тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот ба тазоҳуроти эътирозӣ баромаданд.