Асилбек Жаанбеков раиси парлумони Қирғизистон интихоб шуд

Асилбек Жаанбеков

Асилбек Жаанбеков, вакил аз ҳизби сотсиал-демократӣ, раиси парлумони Қирғизистон интихоб шуд. Баъд аз нашри натоиҷи раъйдиҳии пинҳонӣ маълум шуд, ки аз ӯ 78 вакили Жогорку Кенеш пуштибонӣ кардаанд. Рақиби ӯ Қурмонбек Осмонов ба дарёфти ҳамагӣ 25 раъй муваффақ шуд.

Раиси пешини парлумони Қирғизистон Аҳмадбек Келдибеков аввалҳои моҳ баъди ошкор шудани робитаҳояш бо олами ҷиноӣ аз мақомаш истеъфо дод.