Ал-Моликӣ хостори таслими Ал-Ҳошимӣ шуд

Тариқ ал-Ҳошимӣ

Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, аз мақомоти вилояти Курдистон хост, ки муовини раисиҷумҳур Тариқ ал-Ҳошимиро ба ҳукумат таслим кунанд. Ҳукумати Ироқ ал Ҳошимиро дар терроризм ва ироаи дастур барои куштори мақомои Ироқ муттаҳам кард ва дастури боздошти ӯро содир намуд.

Дар нишасти хабарӣ дар Бағдод ӯ Ал-Моликӣ гуфт, ки "мо аз бародарони худ дар ҳукумати минтақаии Курдистон мехоҳем, ки масъулиятро бар дӯш бигиранд ва гумонбарро ба мақомоти додгоҳӣ супоранд. Боздошт накардани ӯ ваё иҷозаи фирор додан ба ӯ боиси мушкилот мешавад. Мо намехоҳем, ки ҳукумати Курдистон ба фарди таҳти пайгарди додгоҳ кӯмак кунад" Ал-Моликӣ.афзцд, ки ин қазияро набояд сиёсӣ кард.

Тариқ ал-Ҳошимӣ, муовини раисиҷумҳури Ироқ ва яке аз раҳбарони гурӯҳи дунявии “Ироқия” аст, ки сунимазҳабони Ироқ аз он ҳимоят мекунанд. Ӯ иттиҳоми ҳукуматро қатъӣ рад кардааст.

Гурӯҳи Ироқия чанде қабл ба нишони эътироз аз он ки мақомҳои калидӣ дар ҳукумат дар ихтиёри шиаҳо қарор доранд, намояндагии аъзои худро дар порлумон боздошт.